Напардохтани маблағи барқ-масъалаи ташвишовари соҳа
Кӯлоб, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб имрӯз ҷамъоварии пардохти маблағи ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ, газ, барқ ва оби нӯшокӣ масъалаи ташвишовар гардидааст. Тибқи маълумоти масъулин қарзи неруи барқ бо назардошти солҳои пешин ба 74,4 миллион сомонӣ расидааст, ки 65 миллион сомонии он аз ҳисоби аҳолӣ мебошад.
Ҷамъоварии маблағҳои неруи барқи истифодашуда то ин муддат ҳамагӣ 50 фоиз, аз ҳисоби аҳолӣ 44 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин замина қарзи оби нӯшокӣ 4,2 миллион сомонӣ буда, аз ҷумла аз аҳолӣ 1,6 миллион сомонӣ ва аз ташкилоти буҷавӣ 1,8 миллион сомонӣ мебошад.
Дар ин маврид қарори дахлдори раиси шаҳр ба имзо расида, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳа вазифадор шуданд, ки бо раисони маҳаллаву кӯчаҳо ҳамкорӣ намуда, ҳарчи зудтар маблағи қарзиро тавассути оҷонсиҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-и шаҳр пардохт намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






