Нархи як дона хишт дар Рамазон 35 дирам муайян шудааст
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Нархи як дона хишт дар ҶДММ “Корвони аср” 38 дирам буда, дар моҳи шарифи Рамазон 35 дирам муайян шудааст. ҶДММ “Корвони аср”-и ноҳияи Ҳисор дар ҷамоати деҳоти Оқулии боло корхонаи истеҳсоли хиштро бо истифода аз роботҳои худкор ва иқтидори солонаи 45,0 миллион дона ба истифода додааст.
Маблағи сармояи корхона 5,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар он 72 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Сохтмони корхона соли 2014 шурўъ гардида, моҳи июни соли 2015 мавриди истифода қарор дода шуд.
Ашёи хом аз кони хоки “Оқулии поён-1” истифода мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






