Нашри «Ҳақиқати Суғд» бо шиносномаи нав
Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Шумораи навбатии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», ки муассисаш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад, бо шиносномаи нав ба табъ расид.
Тавре ки дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар саргаҳи шиноснома Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуда, намои бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ акс ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, қаблан дар шиносномаи рӯзнома ордени «Нишони Фахрӣ», ки рӯзнома ба муносибати 50-солагӣ бо он қадршиносӣ гардид, ҷой гирифта буд. Акси ордени «Нишони Фахрӣ» аз ин пас дар саҳифаи чоруми рӯзнома ҷой мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






