Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи мақомот дар Ваҳдат
Ваҳдат, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- 22 июли соли равон дар шаҳри Ваҳдат нишасти матбуотии мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар шашмоҳаи якуми соли 2015 гузориш дод.
Ба гуфти раиси шаҳр сохтмончиён дар ин давра фаъолияти хуб нишон дода, ба маблағи 88 миллиону 89 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба анчом расониданд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба зиёд мебошад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳр сохтмони биноҳои истиқоматии 13 ошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ, биноҳои 26 ошёна дар маҳаллаи Роҳатӣ, мактаб дар деҳаи Яфрак, хобгоҳ барои омӯзгорон дар деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромит, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷои нишаст ва васеъшавии роҳи кӯчаи Сомониён идома дорад. Дар ин давра бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Тангаӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Инчунин раиси шаҳр зикр намуд, ки бо мақсади шомил нашудани ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротию террористӣ ва экстремистӣ, аз байн бурдани тамоюлҳои бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳангу либоспӯшии ғайримиллӣ дар байни донишҷӯён ва ҷавонони ҷамоатҳои шаҳру деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ Ховар, ки то имрӯз чанд нафар ҷавони шаҳри Ваҳдат ба Сурия рафтааст, раиси шаҳр ҷавоб дод, ки аз шаҳри Ваҳдат дар чангҳои Сурия 30 нафар иштирок дорад ва 8 нафарашо то имрӯз кушта шудааст. Ҳамчунин 2 ташвиқотгар ва ҷалбкунанда дар ҳудуди шаҳр аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






