Норак: солимии ҷомеа аз солимии оилаҳост
Норак, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Норак дар доираи Соли оила эълон шудани соли 2015 дар ҷамоатҳои деҳоту минтақаҳои манзилӣ , корхонаю муассисаҳои шаҳр зиёда аз 25 суҳбату вохӯрӣ доир намуд. Кормандони бахши мазкур барои ба амалҳои номатлуб даст назадани занону духтарон, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, пешгирии масъалаҳои парастиши анъанаҳои бегона ва хурофотпарастӣ, ҳамчунин солимгардонии оилаҳои чавон, аз байн бурдани никоҳи хешовандони наздик ва ҷалби духтарон ба муассисаҳои касбӣ барои ҳунаромӯзӣ корҳои мушаххасро амалӣ менамоянд. Тибқи иттилои мудири Бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Сайлигул Расулова дар айни замон 208 навхонадор бо мақсади солимии оила аз ташхиси тиббӣ гузашт. Ҳамчунин бахшида ба соли оила озмунҳои «Оилаи намунавӣ”, “Хушдомани беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин” ва “Тарроҳи беҳтарин» дар сатҳи вилоятӣ баргузор гардида, ғолибони онҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






