Оғози тамринҳои тими мунтахаби кишвар доир ба Ҷоми Осиё-2016

Июль 13, 2015 03:40

Душанбе, 13.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ҷамъомади таълимию машқии худро дар Душанбе оғоз намуд.
Ба иттилои менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов, ҷамъомади таълимию машқии даста то 17 июл идома ёфта, дар ин давра даста як бозии санҷишӣ мегузаронад.
Гуфта мешавад, барои гузаронидани бозии санҷишӣ роҳбарияти даста бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба мувофиқа расида, бозӣ рӯзи 16 июл баргузор хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016 ширкат мекунад. Даста дар гурӯҳи “F” бо дастаи мунтахаби ҷавонони Ироқ, Баҳрайн  ва Малдив  барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ рақобат хоҳад кард. Марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи “F” дар Душанбе мегузарад.

Июль 13, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад