Ободонии роҳҳо ба хотири имрӯзу фардо
Ҳисор, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи 2,7 километраи даромадгоҳи шаҳраки Ҳисор дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Таҷдиди шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, ки 22 километри он аз ҳудуди ноҳияи Ҳисор мегузарад, рӯзҳои наздик анҷом меёбад. Сохтмони роҳи нави мошингард аз саргаҳи шаҳраки Ҳисор ба самти Қалъаи Ҳисор ва таъмири асосии роҳҳои маҳаллии ноҳия, ки 25 километрро дар бар мегирад, аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод Неъматов идома дорад. Таъмир ва навсозии роҳҳои кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Файзулло Абдуллоев, Гагарин, Мирзо Турсунзода идома дошта, мумфаршнамоии роҳи шаҳраки Ҳисор -Қалъаи Ҳисор анҷом ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






