Огоҳии Вазорати тандурустӣ вобаста ба таъсири манфии гармӣ ба саломатии инсон
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки қаблан иттилоъ додем, аз 3 то 7 июл дар ҷумҳурӣ баланд шудани ҳарорат дар назар аст. Кормандони соҳаи тиб дар мавсими гармо ба ҳамаи шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҳароратро дар хонаҳо мӯътадил нигоҳ доранд, зеро ин барои кӯдакони хурдсол, шахсони синнашон аз 60 боло ва нафароне, ки бемории доимӣ доранд, зарур мебошад. Барои нигоҳ доштани ҳавои мӯътадил дар хона бояд соатҳои 08.00 ва 10.00 субҳ, 13.00 рӯз ва баъди соати 22.00 ҳарорати утоқҳоро чен кард. Меъёри ҳарорат дар хона рӯзона набояд аз 32 дараҷа ва шабона аз 24 дараҷа гарм бошад. Ҳавои хонаро бояд шабона ва субҳи барвақт тоза намуд. Рӯзона тамоми чароғҳо ва таҷҳизоти электрикиро аз рӯи имконот хомӯш бояд кард. Барои тоза кардани ҳавои хона дар хона либосҳои тарро бояд овехт.
Ҳангоми гармии ҳарорат бояд об ва нӯшокиҳоро зиёд истеъмол намуд. Духтурон тавсия медиҳанд, ки дар айни гармии рӯз ба кӯча бе зарурат баромадан лозим нест. Барои таъмини организм бо намӣ ва хунукӣ оббозӣ кардан хуб аст. Пӯшидани либосҳои сабуку кушод аз матоъҳои пахтагӣ дар ин вақт айни муддаост. Нафароне, ки саломатиашон хуб нест, бояд ба таври доимӣ доруҳои лозимиро дар наздашон нигоҳ доранд. Ҳангоми чарх задании сар, беқувватӣ, ташнагӣ ва ё дарди сар бояд фавран ба духтур муроҷиат кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






