Ғолибияти “Истиқлол” бар дастаи ҷавонони “Вахш”
Душанбе, 01.07.2015, (АМИТ- «Ховар» Меҳрони Қурбон).-Қисми аввали мусобиқаи ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҳам ба охир расид. Ҳайати ҷавонон ё ки ҳайати дуюми дастаи “Истиқлол”-и пойтахт ҳамчун ҳайати асосии даста қисми аввалро бе бохт анҷом доданд. Ёдовар мешавем, ки шогирдони Баҳодур Сӯфиев дар ҳашт бозӣ ғолиб шуда, танҳо як вохӯриро мусовӣ анҷом доданд.
Дар даври охири қисми якуми мусобиқа ҳайати дуюми дастаи “Истиқлол”-и пойтахт бар ҷавонони дастаи “Вахш” бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 дастболо шуданд. Дар ҳайати ҷавонони дастаи “Истиқлол” Бледа Родригес ва Амирҷон Сафаров ба задани ду голӣ муваффақ шуданд.
Бояд зикр кард, ки ҷавонони “Истиқлол” бо гирифтани 25 имтиёз пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа шуданд. Хотиррасон менамоем, ки ҳайати ҷавонони дастаи “Регар-ТадАЗ”, ки зинаи дуюми ҷадвали мусобиқаро ишғол мекунад, нисбат ба ҷавонони “Истиқлол” 9 имтиёз камтар дорад. Дар зинаи сеюм бо 14 имтиёз ҳайати ҷавонони дастаи “Хуҷанд” қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






