Ошкор гардидани 61 млн. сомонӣ зарари молиявӣ
Душанбе, 27.07.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Дар 23 вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи онҳо дар ин давра аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 162 тафтишу санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва ҳолати истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ гузаронида шудааст. Зимни ин тафтишу санҷишҳо 61 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, аз он 23 млн. сомонӣ барқарор гардид,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ хусусан дар Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», вазоратҳои корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илм роҳ дода шудаанд. Таъкид шуд, ки яке аз сабабҳои асосии роҳ додан ба ин камбудиҳо, таъмин накардани назорати дохилиидоравии самарабахш, истифодаи маблағу воситаҳои давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатист.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби кормандони агентӣ дар панҷ Маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ анҷом дода шуд, ки дар маҷмӯъ 2,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Инчунин тафтиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагӣ дар корхонаҳои зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳолатҳои камомад ва тасарруф, дуздии неруи барқ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, ҳисоббаробаркунии беасосу ғайриқонунии андоз бо ташкилоти буҷетӣ ва дар маҷмӯъ зарари молиявӣ ба маблағи 6,7 млн. сомонӣ ошкор шудааст, ки аз ин 4 млн. сомонӣ ба буҷет ва корхона барқарор карда шуд. Хусусан тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ дар силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахши шаҳри Сарбанд зарари молиявиро ба маблағи 810 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






