Осорхонаи таърихии Кӯлоб ба таъмир ниёз дорад
Кӯлоб 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)- Дар шаҳри Кӯлоб чор осорхона фаъолият мекунад, ки бузургтарини он Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар баробари ин Осорхонаи мероси хаттӣ ва осори адабии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Хона- музеи шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода ва осрхонаи ҳунармандон дар хизмати мардум қарор доранд.
Кормандони осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-и шаҳри Кӯлоб барои ҷалби бештари тамошобинон шуъбаҳои нав кушода, нигораҳоро ба маъраз мегузоранд. Шаҳри Кӯлоб аз қадимулайём бо маданияту фарҳанги воло ва ҳунармандонаш машҳур гардида, дар ин шаҳр кӯчаҳои чармгарон, нонфурӯшон, заргарон, оҳангарон будаанд, ки дар онҳо ҳунармандон зиндагӣ мекарданд ва то ҳанӯз ин номҳо боқӣ мондаанд. Дар баробари нигораҳо дар як гӯшаи осорхона тарзи ҳаёти мардуми шаҳр дар асрҳои гуногун низ пешниҳод гардидааст. Ин қасри боҳашаммат бо ҳама боигариаш 10 сол боз дар хизмати мардум қарор дорад, вале аз сабаби таъмир нагардидан рӯз аз рӯз рӯ ба харобӣ меорад. Баъди ду моҳ дар шаҳри Кӯлоб ҷашнҳои сатҳи байналмиллалӣ баргузор мегарданду аз гӯшаю канори олам меҳмонон ташриф меоранд ва албатта, аз ин осорхона дидан хоҳанд кард. Кормандони осорхона то баргузории ҷашнҳо анҷоми як силсила корҳоро ба нақша гирифтаанд ва ин корҳо аллакай шурӯъ гардидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






