Оташнишонӣ- вазифаи пурмасъулият
Хатлон, 31.07.2015.(АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).-Иди касбии кормандони Хадамоти оташнишонӣ, ки ҳамасола 30 юми июл ҷашн гирифта мешавад, имсол низ дар вилояти Хатлон хотирмон истиқбол шуд. Бо ин мақсад дар Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон бо иштироки муовини аввали сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Салоҳиддинов, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон Мулоҳӣ Рӯзиев ва кормандони соҳа ҷамъомад баргузор шуд. Роҳбарият атрофи таърихи таъсиси хадамоти оташнишонӣ, нақши хадамот дар ҷомеа ва масъулияти оташнишон дар иҷрои вазифаи пурмасъулият сухан ронда, аз мушкиливу дастовардҳои соҳа ибрози андеша намуданд.
Дар ҷамъомад ба собиқадорону беҳтаринҳо медали «Хизмати шоён», Аълочии хадамоти оташнишонӣ, ифтихорномаву туҳфаҳои молӣ тақдим гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






