Овозхони «Шашмақом» дар «Таронаҳои Шарқ-2015» иштирок менамояд
Душанбе, 06.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Панҷ мутриб ва Ситораи Кароматулло -овозхони Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ дар даҳумин Фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ-2015», ки охири август дар майдони Регистони Самарқанд доир мегардад, ширкат меварзанд.
Фестивали мазкур дар ду сол як маротиба таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Президенти Ӯзбекистон, инчунин бо мусоидати Вазорати фарҳанг ва варзиш, ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон ва Иттифоқи оҳангсозони ин кишвар гузаронида мешавад.
Ҳадафи Фестивали мусиқии байналмилалии «Таронаҳои Шарқ-2015» муаррифии дастовардҳои мусиқии миллӣ, ҳифз ва рушди мусиқиии суннатии мардумони машриқзамин, инчунин таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни кишварҳо арзёбӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






