ПҲ 85 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард
Душанбе, 31.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 85 миллион сомонӣ зарари молиявиро дар нимсолаи якуми соли равон ошкор карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта зарари молиявии ошкорнамудаи Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ 14 млн. сомониро ташкил дода буд. Дилмурод Давлатзода -раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ 31 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин давра дар вазорату кумитаҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 192 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 адад зиёд мебошад.
Дилмурод Давлатзода афзуд, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 6 млн. 653 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1 млн. 363 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 6 млн.95 ҳазор сомонӣ, инчунин зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 792 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомнӣ 29 млн.84 ҳазор сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 40 млн.948 ҳазор сомонӣ ва маблағи пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ 65 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дилмурод Давлатзода таъкид кард, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин давра дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, хусусан супоришҳои Сарвари давлат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба роҳ монда, дар асоси нақшаи корӣ ва дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






