Палатаи ҳисоб истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро ошкор кард
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро ба қадри 86 млн. 66 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки (исрофкорона)-и маблағҳоро ба қадри 8 млн. 200 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи буҷетро аз ҳисоби талафи беасоси захираҳои ташкилоти қарзӣ 28 млн. 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ 25 млн. 152 ҳазор сомонӣ ошкор кардааст. Дар ин бора раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи Палатаи ҳисоб хабар дод.
Зимни санҷишҳои аудиторӣ 18 млн. 491 ҳазор сомонӣ маблағ ба давлат барқарор шуд, ки он 21,8 фоизи зарари ошкор кардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумӣ ба буҷети давлатӣ 14 млн. 299 ҳазор сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳо 4 млн. 192 ҳазор сомонӣ барқарор шуд.
Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷӯии кормандони Палатаи ҳисоб маблағи бақияпулиҳои андоз ба қадри 1 млн. 83 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 1 млн. 841 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби зиёдомади молу маводи арзишдор 5 млн. 465 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби дигар манбаъҳо 3 млн. 825 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор карда шуда, маблағгузории нақшаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба қадри 556 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






