Пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи Робиндранат Такур
Душанбе, 13..07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи бузурги Ҳинд Робиндранат Такурро дар шаҳри Душанбе ҳамчун пайвандгари тамаддуни халқҳои тоҷику ҳинд арзёбӣ кард. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди 13 июл дар гулгашти кӯчаи «Бухоро»-и Душанбе парда аз рӯи нимпайкараи яке аз шахсиятҳои бузурги Ҳиндустон, шоир ва нависандаи машҳури Ҳинд Робиндронат Такур (1861-1941) бардошта шуд. Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи Робиндранат Такур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди сухан карда, нақши Робиндранат Такурро дар рушди адабиёт ва тамаддунии ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Нимпайкараи Робиндронат Такур бо маблағгузории ҷониби Тоҷикистон ва Ҳиндустон эъмор гардида, меъмори он Зуҳуриддин Сироҷиддин -яке аз меъморони шинохтаи Тоҷикистон аст. Бояд зикр кард, ки дар масофаи начандон дуртар аз нимпайкараи Робиндранат Такур дар кӯчаи Бухоро, 51 нимпайкараи яке аз ходимони барҷастаи сиёсии Ҳиндустон, доҳии мардуми ҳинд Маҳатма Гандӣ (1861-1941) гузошта шудааст.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






