Парвина Абдулоева бо 3 фарзанд худро ба канали Ҳисор партофт
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-4 июл соати 21:18 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино-2,кўчаи Испечак-2 Абдулоева Парвина Аскаровна, соли таваллудаш 1978, худро бо 3 фарзандаш ба канали Ҳисор, воқеъ дар кўчаи Ҳаёти Нави ноҳияи Сино партофтааст.
Дар натиҷа Парвина Абдулоеваро сокинони маҳаллӣ наҷот дода, фарзандонаш Бобоев Зиёвиддин Давронович, соли таваллудаш 2008, Бобоева Маҳина Давроновна, соли таваллудаш 2009, Бобоева Омина Давроновна, соли таваллудаш 2010 ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов, ҷасадҳои кӯдакони фавтида аз тарафи Дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дарёфт гардида, ба хешовандонаш супорида шуданд.
Сабаби ҳодисаи рухдода аз тарафи мақомоти дахлдор муайян мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






