«Парвози шоҳин», «Санъати сухан», «Имшаб»- лоиҳаҳои нави эҷодӣ
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Аз идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар тӯли шаш моҳи охир ба ҷуз барномаҳои анъанавии «Муд», «Адиб ва ҷомеа», «Кошона», «Самт» лоиҳаҳои нави эҷодӣ- «Парвози шоҳин», «Санъати сухан», «Этикет», «Имшаб» омода шуданд, ки шаклу услуби тоза доранд. Инчунин, аз идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ ба ҷуз барномаҳои пешинаи «Бозтоби пешина», «Шарҳи футбол», «Пайки олимпӣ» лоиҳаҳои нави «Ҷасорат», «Роҳи шаб», «Тамошо» манзур шуданд, ки масъалаҳои асосии идора- сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ ва рӯйдодҳои варзиширо пурра фаро мегиранд,- зикр кард раиси Кумитаи телевизион ва радио Пирзода Маҳмадсаид имрӯз зимни нишасти хабарӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






