Пешниҳоди 160 санад барои шикори ғайриқонунӣ
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи хоҷагиҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ корҳои биотехникӣ оид ба беҳдошти олами ҳайвонот амалӣ шуданд. Ин матлабро имрӯз директори агентии мазкур Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Дар самти пешгирии ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ 160 санад бо маблағи зарари умумии 8 ҳазору 795 сомонӣ тартиб дода шуда, пурра ситонида шуд. Ҳамчунин аз тарафи шуъбаи агентӣ ба дӯстдорони шикор 158 роҳхати шикорӣ бо маблағи 9 ҳазору 833 сомонӣ дастрас шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






