Пешниҳоди ҷавобҳои дурусти ММТ ба довталабон баъди хатоҳои техникӣ
Душанбе, 11.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки дар ҷавобҳои саволу масъалаҳои тести қисми А (имтиҳони умумӣ)-и дар сомонаи Марказ гузошташуда баъд аз нашр кардан хатоҳои техникӣ маълум гардиданд. Саволу масъалаҳои тест, ки дар ҷавобҳои онҳо хатоҳои техникӣ маълум гардиданд, дар шакли ислоҳшуда дар зер нишон дода шудаанд:
Субтести забони тоҷикӣ
Ҷавоб:
Ҳар рӯз … кор кунӣ, саломатиат зуд барқарор мегардад.
кам-кам
Ҳавопаймо роҳи моро … наздик гардонд.
дучанд
Қарибиҳои бегоҳ бобо … ба гап даромад.
каме
Одамон … ба ҳар тараф паҳн шуданд.
ду-ду
Субтести математика
Масъалаи 98.
Мактаб, литсей ва гимназия 120 компютер гирифтанд. Литсей нисбат ба мактаб 12 компютер ва гимназия нисбат ба литсей 3 компютер бештар гирифт. Литсей чанд компютер гирифт?
Ҷавоб: 43
Ҳамзамон хабар медиҳем, ки ҷавобҳои субтестҳои забони тоҷикӣ ва математикаи қисми А, ки 7‑уми июл дар сомонаи Марказ гузошта шуда буданд, пас аз маълум гардидани хатоҳои техникӣ — 8‑уми июл соати 15:35 иваз карда шуданд. Аз ин лиҳоз, барои санҷидан ҷавобҳои рӯзи 8‑ум гузошташударо истифода намоед.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






