Полиси Туркия дар Истанбул амалиёти зидди террористиро оғоз кард
Анқара, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 24-уми июл полиси Туркия барои муайян намудани тарафдорони эҳтимолии «Давлати исломӣ» (ДИИШ) ва Ҳизби коргарони Курдистон амалиёти калон мегузаронад. Дар амалиёт қариб 5 ҳазор корманди ҷузъу томҳои зиддитеррористии пулиси Туркия иштирок мекунад.
Чанде пеш, Сарвазири Туркия Аҳмет Довутоғлу дар Анқара ҷаласаи фавқулода доир ба масоили амниятӣ баргузор кард. Дар он роҳбарони идораҳои ҳарбӣ ва хадамоти иктишофи миллии Туркия иштирок доштанд.
Дар иртибот ба амалҳои террористии қаблӣ ва зиёдшавии хавфи ДИИШ ситоди генералии Туркия якҷоя намудани ҷузъу томҳои техникаҳои зиреҳпӯши иловагӣ ва инчунин таъйиноти махсуси ҳарбӣ «беретҳои қирмизӣ»-ро дар манотиқи ҳаммарзи кишвар бо Сурия оғоз кард.
Амалиёт пас аз чанд рӯзи ҳамлаи террористӣ ба шаҳри Суручи Туркия, ки боиси марги 32 нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳо кас гардид, баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






