Президенти АИТ: «Олимони мо барои табобати ҷигар дору ихтироъ кардаанд»
Душанбе, 9.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кормандони Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Тоҷикистон маводи дорувориеро ихтироъ кардаанд, ки бемории ҷигарро муолиҷа мекунад.
Тавре ки президенти Академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 9-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, кормандони Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академия дар ҳамкорӣ бо олимони Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон маводи просинкро барои муолиҷаи гепатити музмини вирусӣ ва сирози ҷигар коркард намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки олимони соҳаи биология дар соҳаи ихтироъкорӣ ба корҳои зиёди тадқиқотӣ даст заданд ва дар ин ҷода муваффақ ҳам гардиданд.
-Дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти маҷмӯии гуногунии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани низоми муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияи пешрафта густариш дода шуданд,- гуфт президенти АИТ ба хабарнигорон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






