Рӯнамоии китоби ховаршиноси тоҷик
Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар пажӯҳишҳои ховаршиносони олмонизабони Урупоӣ (қарни ХVI -ХХI)»-чунин ном дорад китоби тозаинтишори доктори илмҳои таърих Санавбарбону Воҳидова, ки имрӯз дар Академияи илмҳои кишвар бо ҳузури олимону донишмандон рӯнамоӣ гардид. Китоби мазкур аз забони русӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба форсӣ (ҳурофоти форсӣ) баргардонида шуда, дар он Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ сарсухан навиштааст.
Дар китоб пажӯҳишҳои анҷомдодаи ховаршиносони олмонизабони Аврупо доир ба таърих ва тамаддуни кишварҳои форсизабон -Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон гирд оварда шудааст.
Дар маросими муаррифии китоби мазкур Фарҳод Раҳимӣ- президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, сафирони кишварҳои Эрон ва Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуҷҷатулло Фағонӣ ва Абдулғафури Орзу, инчунин донишмандони шинохтаи тоҷик Раҳим Масов, Олимҷон Ҳоҷимуродов доир ба мӯҳтавои китоби мазкур ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки муаллифи китоби «Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар пажӯҳишҳои ховаршиносони олмонизабони Урупоӣ (қарни ХVI -ХХI)» Санавбарбону Воҳидова дар чандин кунгураҳои байналмилалӣ, ки дар Фаронса, Олмон, Австрия, Италия, Лаҳистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок намудааст. Ховаршинос, сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ С. Воҳидова муаллифи 100 мақола, 5 монография буда, мақолаҳояш дар Канада, Париж, Милан, Вена, Краков, Деҳлӣ ва Теҳрон мунташир гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






