Р. Раҳимзода Ҷоми вазоратро ба дастаи фаъоли деҳоти Язғулом супорид
Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ ба ВМКБ дар деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ бо мардуми деҳот, ҷавонон ва варзишгарони номии ин диёри зебоманзари кӯҳистон вохӯрӣ доир намуда, аз аҳвол ва мушкилоти онҳо пурсон шуд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Президенти кишвар ба ҷавонону варзишгарон таваҷҷуҳи хосса зохир гардида, барои донишомӯзӣ ва тамрини онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё мешавад.
Ҷавонону варзишгарони деҳоти Язғулом барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ҷидду ҷаҳд намуда, ғолиби мусобиқа гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар фазои тантанавӣ «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба дастаи фаъоли деҳоти Язғулом супорида, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






