Рамазон 16 июл поён хоҳад ёфт
Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рамазон имсол 29 рӯзро дар бар мегирад. Ин нуктаро Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи мавсуф, барои муайян кардани санаи дақиқи Иди фитр Маркази исломии кишвар комиссияи вижа ташкил кардааст ва ҳамчунин хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистонро низ гирифтааст. Ӯ афзуд, рӯзи панҷшанбе — 9 июли соли равон Маркази исломӣ ба таври расмӣ санаи дақиқи Иди фитрро эълон мекунад.
Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт. Дар назар аст тоҷикистониён Иди саиди фитрро 17-уми июл таҷлил кунанд, -афзуд раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






