Роҳандозии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи меъёрҳои ҷадид
Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Омода намудани мутахассисон дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз аввали сол аз рӯи меъёрҳои таълимии насли дуюм ва сеюм ба роҳ монда шуд. Ҳоло нақшаҳои таълимии нав мувофиқи меъёрҳои таълимии давлатии федералии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва ба тасвиб расонида шудаанд. Ҳоло дар филиал донишҷӯён аз рӯи шаш равия: «Химия, физика ва механикаи мавод», «Математикаи амалӣ ва барномасозӣ», «Геология», «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», «Муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Лингвистика» таҳсил доранд,- иброз дошт директори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Алексей Реймерс имрӯз, 28 июл зимни нишасти хабарӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар соли равон филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Душанберо 137 мутахассиси ҷавон бо муваффақият хатм намуда, 21 нафараш сазовори дипломи аъло гашт, ки нисбат ба шумораи умумии хатмкунандагон 15,3 фоизро ташкил дод.
Гуфта мешавад, ки шумораи умумии донишҷӯёни филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе то охири соли таҳсил 558 нафарро ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






