Роҳбари гурӯҳи тундрави «Лашкари ҷангӣ» ва писаронаш маҳв карда шуданд
Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ 29 июл раҳбари гурӯҳи тундрави «Лашкари ҷангӣ» Малик Исҳоқ ва ду писараш ҳангоми як даргирӣ миёни полиси Покистон ва афроди мусаллаҳи ин гурӯҳ ҳалок шудаанд.
Малик Исҳоқ 25 июл ҳамроҳи ду писараш боздошт шуд. Ин даргирӣ ҳангоми интиқоли нафарони боздоштшуда сурат гирифта, афроди мусаллаҳ бо мақсади озод кардани Малик Исҳоқ ба корвони мошинҳои пулис ҳамла карданд. Дар натиҷаи даргирӣ Малик Исҳоқ ва шариконаш кушта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Малик Исҳоқ дар феҳристи террористони байналмилалӣ, ки Амрико тартиб додааст, қарор дошт. Гурӯҳи тундрави «Лашкари ҷангӣ» масъулияти қатли садҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла шиамазҳабон дар Покистонро бар уҳда гирифта буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






