Роҳсозӣ кори хайр аст

Июль 7, 2015 07:06

Файзобод, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Се километр роҳи мошингарди деҳаи Заркамари  ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод  аз ҳисоби  соҳибкор Қиёмиддин Юсупов ва дигар нафарони хайрхоҳ асфалтпӯш мешавад. Ин кори хайрро дар ноҳия бо ҳашари  мардум ва кумаки  техникаҳои  Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Файзобод анҷом дода истодаанд. 
Мавриди зикр аст, ки чунин эҳсонкориҳо дар моҳи шарифи рамазон дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат анҷом дода мешаванд, ки савоби дучанд доранд.  

Июль 7, 2015 07:06

Хабарҳои дигари ин бахш