Роғун: Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа
Роғун, 25.07.2015. АМИТ «Ховар», Зебо Давлатзода).- Дар шаҳри Роғун бо иштироки васеи ВАО-и ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Роғун Ш. Шарифзода дар бораи натиҷаи корҳои сохтмонию ободонӣ, дастовардҳои заҳматкашони шаҳри Роғун иттилоъ дод. Сипас миёни рӯзноманигорон ва масъулини шаҳр пурсишу посух ҷараён гирифт.
Раиси шаҳри Роғун ба хабарнигорон гуфт, ки имсол бо дастгирии соҳибкорон ва буҷаи маҳаллии шаҳр онҳо дар шоҳроҳи Файзободу Роғун боғ бунёд мекунанд.
Инчунин тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат онҳо ният доранд, ки шоҳроҳҳои минтақаро сабзазор намуда, дар шаҳраки Оби гарм осоишгоҳи замонавӣ бунёд намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






