РОТ 45 роҳбаладзан дар самти байналмилалӣ дорад
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Беш аз 22 роҳбалади қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ) барои гирифтани маблағи иловагӣ, кашонидани бору боғоҷи иловагӣ, бе чипта кашонидани мусофирон ва вайронкунии қоидаҳо дар соли 2014 аз вазифа озод шуда буд.
Бино ба гуфтаи сардори «Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ» Шералӣ Қурбонов, ин чораҳо бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби дигар роҳбаландон ба роҳ монда шуда, дар солҳои 2014 ва нимаи аввали соли 2015 аз ҷониби мусофирон ва шаҳрвандони кишвар нисбат ба чунин масъалаҳо арзу шикоят ворид нашудааст. Ш.Қурбонов афзуд, ки дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имрӯз 594 роҳбалад фаъолият дошта, нисбат ба соли 2014 шумораи онҳо бетағйир мондааст.
Дар самти байналмилалӣ соли 2014- 17 қатора ва дар нимсолаи аввали соли равон аз сабаби коҳиш ёфтани мусофирони самти байналмилалӣ 11 қатора фаъол аст.
Ба гуфтаи мусоҳиб дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имрӯз 345 зан фаъолият дошта, 95 нафари онҳо ба ҳайси роҳбалад кор мекунанд. 45 зани роҳбалад дар самти байналмилалӣ фаъол буда, занони роҳбалад бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар қатораҳо ҷалб мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






