РОТ: дар нимаи аввали соли 2015 вуруди амвол ба Тоҷикистон коҳиш ёфт
Душанбе, 22.07.15. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Роҳи — оҳанчиёни Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон 126 ҳазору 380 тонна маҳсулоти кишоварзиро судур намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 27 ҳазору 535 тонна зиёд аст.
Тавре ки муовини якуми сардори Муассисаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, афзоиши интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби афзоиши судури пиёз, турб ва сабзӣ сурат гирифт.
«Вуруди амвол 1 миллиону 919 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 234 ҳазор тонна кам аст. Ҳаҷми воридот назар ба содирот баробари 1 миллиону 612 ҳазор тонна, ё 6,3 баробар зиёд буд», — афзуд Баҳром Шодиев.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






