Сӯхтор дар мағозаи фурӯши таҷҳизоти техникӣ
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-9 июл дар мағозаи фурӯши таҷҳизоти техникии “Медиа”, воқеъ дар назди шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, ки ба соҳибкор, сокини 28-солаи ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, дар масоҳати 95 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин рӯз коҳдонхонаи ҳавлии истиқоматии марди 47-солаи сокини ноҳияи Восеъ дар масоҳати 60 метри мураббаъ оташ гирифтааст. Сабаби сар задани оташ расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






