Саҳми назарраси олимон ва устодони ДСХ дар рушди илм
Душанбе, 3.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Дар соли 2015 дар донишкада дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Қариб дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар тадқиқоти илмӣ, таҳияи китобҳои дарсию методӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ташкили марказу парки технологӣ пешравиҳо мушоҳида шуданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодиров баён кард.
Д. Қодиров иброз дошт, ки соли 2015 олимон ва устодони донишкада 5 монографияи илмӣ, 2 китоби дарсӣ, 18 дастури методӣ, 34 воситаи таълимӣ, 167 мақолаи илмӣ, 34 фишурда ва 41 мақолаи илмӣ-оммавӣ, дар маҷмӯъ 301 номгӯй маводро аз чоп бароварданд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2015 дар донишкада конфронси илмӣ-амалии байналмилалии муштарак дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи техникии шаҳри Лутски Украина, 4 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла 1 конфронс бо дастгирии намояндагии хазинаи Фридрих Эберт дар Тоҷикистон доир шуд.
Дар ин давра 7 донишҷӯи донишкада дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзида, 3 нафар бо ифтихорномаҳои АИ ҶТ қадрдонӣ шуд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Навовари беҳтарин» 4 устоди ҷавони донишкада барои дастовардҳои илмию амалӣ бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






