САҲШ дар шаш моҳ зиёда аз 219 ҳазор санадро ба қайд гирифт
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати адлияи кишвар, идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 250 ҳазору 020 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин фаъолият ба буҷаи давлатӣ 19 357 055 (нуздаҳ миллиону сесаду панҷову ҳафт ҳазору панҷову панҷ) сомонӣ ворид гардид.
Гуфта мешавад, ки аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар тӯли шаш моҳи соли равон 219 ҳазору 198 аснод, аз ҷумла 108 ҳазору 742 сабти таввалуд, 27 ҳазору 140 сабти таввалуди муҳлаташ гузашта, 17 ҳазору 252 сабти вафот, 528 сабти вафоти муҳлаташ гузашта, 33 ҳазору 384 сабти никоҳ, 4 539 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 13 ҳазору 814 сабти муқаррар намудани падарӣ, 428 сабти фарзандхонӣ, 13 ҳазору 371 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






