Садамаи ҳалокатовар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Ҷ. Расулов, 10.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд боз як ҳолати садамаи нақлиётӣ бо марги шаҳрванд ба қайд гирифта шуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” сардори ШКД-и ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, майори милиса Убайдулло Ёқубов хабар дод, шоми 8 июли соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 21:30 дақиқа зимни ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-бенс”, сокини 61-солаи ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Холмамад Жомахмедов, дар километри 284-уми ҳудуди ҷамоати Деҳмой аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи роҳи пиёдагард баромада, дар натиҷа сокини ҳамин ноҳия пиёдагард Маҳлиё Орипова, с/т 1985, корманди ҶДММ “АЭРС-Плазма”, ки он лаҳза дар канори рости роҳ дар назди мошини худ “Опел-астра” қарор дошт, ӯро пахш намуд, ки дар натиҷа охирин аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






