Сафҳаи форсии сомонаи нави “Ховар” фаъол шуд
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахши форсии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромад.
Бахши форсӣ мисли бахшҳои тоҷикӣ ва русию англисии сомонаи нави АМИТ «Ховар» бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ таҳия шуда, аз шакли қаблӣ бо тарҳ ва имконоти фаровони дастрасии осону фаврӣ ба хабарҳо фарқ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки тамоми мавод бо фаврияти баланд ва саҳеҳият дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» бо се забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ ҷойгир мешаванд. Инчунин рӯзҳои наздик мавод бо забонҳои арабӣ низ ҷой дода хоҳанд шуд. Дар ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ низ дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






