Сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 28, 2015 01:17

Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард. Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 28 — ум то 31 — уми июл дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ идома меёбад ва дар ҷараёни он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими бахшҳои гуногун асос гузошта, бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Дарвоз ҳамчунин бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти иқтисодиёти ин минтақаи кишвар корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди ангат дар ноҳияи Ванҷ ва корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ менамояд. Ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Инчунин дар ин сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро кушода, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ — истиқлолияти комили энергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 килоВолтаи “Себзор — Хоруғ” бо дарозии 18 километр санги асос мегузорад. Барои рушди туризм бошад, ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз, комплекси туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ ва Маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи Меҳри модар ба нақша гирифта шудааст. Маълумоти муфассалро оид ба натиҷаҳои бобарори сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шумо метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.president.tj ё Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дастрас намоед.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Ифтитоҳи пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ бо иштироки Президент

Идомаи боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ

Суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз

Суханронии Президент зимни мулоқот бо мардуми ноҳияи Дарвоз

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯшон

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Шуғнон

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон

Суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа

Гузоштани санги асоси бунёди НБО “Себзор” ва мулокоти Президент бо сокинони ноҳияи Роштқалъа

Оғози сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарону ҷавонони ВМКБ зимни ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ

Оғози корҳои сохтмонии шаҳраки навбунёд дар мавзеи Тем

Ифтитоҳи Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ

Машварати кории Сарвари давлат вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон

Шиносоии Сарвари давлат бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ВМКБ ва мулоқот бо фаъолон

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Натиҷаҳои сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 28, 2015 01:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!