«Сафина»-ро дар 50 кишвари ҷаҳон тамошо мекунанд
Душанбе, 08.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Барномаҳои телевизиони «Сафина» -ро, ки яке аз шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ дар фазои иттилоотии кишварамон маҳсуб мешавад, тавассути шабакаи моҳворавӣ дар 50 кишвари ҷаҳон ва аз тариқи шабакаи Интернет (онлайн) дар саросари дунё тамошо менамоянд.
Ҳоло доираи фарогирии мавҷи телевизиони «Сафина», ки соли равон аз таъсиси он даҳ сол сипарӣ мегардад, дар миқёси кишвар 92, 7 %-ро ташкил медиҳад.
Мудири телевизиони «Сафина» Зевар Давлатзода 8 июл зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки мо кӯшиш менамоем, дар оянда бо омода намудани барномаҳои ҷолибу дидании фарҳангӣ шумораи тамошобинони «Сафина»-ро афзоиш дода, дар дохили кишвар то ба 8 миллион расонем. Ин аз фаъолияти кории мо вобастагии калон дорад. Дар ин самт мо бояд ҷиддӣ кор кунем.
Дар мавриди рақобат байни шабакаҳои телевизионии кишвар роҳбари «Сафина» афзуд, ки чунин рақобат бояд бошад ва ман ҷонибдори рақобати солими эҷодиам. Дар ин маврид бояд тамоми гурӯҳҳои эҷодӣ барои омода намудани барномаҳои ҷолибу диданӣ сафарбар гарданд.
_-Ман дигар шабакаро тамошо намекунам,- гуфт Зевар Давлатзода. Аз оинаи нилгун танҳо шабакаи «Сафина»-ро тамошо менамоям, то эҳсос кунам, ки рейтинги «Сафина» чӣ гуна аст, чӣ камбудию норасоиҳо ва зиёдаравиҳо дар барномаҳо вуҷуд доранд, чӣ бояд кард, ки барномаҳо ҷолиби диққат ва сертамошобин гарданд. Ин масъала ҳамеша дар мадди назари ман қарор дорад,- афзуд ӯ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






