Сафорат тафтишоти қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро пайгирӣ мекунад

Июль 18, 2015 06:10

Душанбе, 17.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҷараёни тафтишоти марги фоҷиабори 5 шаҳрванди кишвар дар Русияро таҳти назорати худ гирифтааст.
Бино ба иттилои намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод, Сафир ба хадамоти Консулии Сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия супориш додааст, ки бо мақомоти тафтишотии полис ва пайвандони фавтидагон пайваста дар алоқа бошанд ва ба онҳо кумаки лозима расонанд. Сафири Тоҷикистон дар Москав аз кормандонаш хост, ки аз натиҷаҳои кор нисбати ин масъала пайваста бохабар бошанд.
«Мо медонем, ки аллакай гумонбари марги шаҳрвандони мо дар шаҳри Ступино дастгир шудаанд. Бино ба нақли тафтишот, гумонбари 51-сола муҳоҷирони моро барои туннел кофтан киро карда, таҳти роҳбарии ӯ барои маҳсулоти нафтӣ дуздидан, дар қубури нафт сурохӣ кардаанд. Чуноне, ки тафтишот тасдиқ мекунад, дастгиршуда, ки сокини вилояти Орловск мебошад, эҳтимолан ҳабси яумра гирад», — таъкид менамояд манбаъ. 
Айни ҳол шахсияти панҷ нафар ҳалокшуда, аз ҷумла ду ҷасади дарёфтшуда аз ноҳияи Ступинск ва ду ҷасади бозёфтшуда аз Тулск муайян шуд. Инҳо, Хуршед  Ёрматов, соли таваллудаш 11 августи 1988; Самандар  Халифаев, соли таваллудаш 31 марти 1989,  Солеҳҷон Дилшодов, соли таваллудаш 1982 — аз Қумсангир ва Фирдавсӣ Нодиров, соли таваллудаш 1980 — аз ноҳияи Данғара ва Шаҳром Набиев, соли таваллудаш 1988 мебошанд. 
Дар робита ба ин, Сафорати Тоҷикистон дар Русия рафти тафтишотро назорат карда, дар иртиботи доимӣ бо муфаттишон аст. «Мо аз рафти корҳое, ки тафтишот мебарад, огоҳ ҳастем. Умедворем, ки гумонбар ё гумонбарони ҳалокати шаҳрвандони мо, ки тафтишот пурра муайян месозад, ҷазои сазовор мегиранд», — гуфт М. Эгамзод. 

Июль 18, 2015 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа