Санҷиши доварони тоҷик аз ҷониби КФО

Июль 16, 2015 08:49

Душанбе, 16.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ду нафар реферони футзали тоҷик, Эркинҷон Мадибоев аз Душанбе ва Абдумалик Ғаффоров аз Хуҷанд барои шомил шудан ба рӯйхати доварони беҳтарини Конфедератсияи футболи Осиё аз санҷишӣ рекруторӣ мегузаранд.
Бино ба иттилои шуъбаи футзали  Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳакамии доварони тоҷикро рекрутори КФО аз Туркманистон Вадим Баротов месанҷад. Мутахассиси туркман дар бозии марказии даври ифтитоҳии қисми дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон байни  “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе, ки рӯзи 25 июл дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, доварони тоҷикро назорат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, дар сурати бомуваффақият гузаштани марҳилаи аввали санҷиши рекруторӣ аз ҷониби КФО ректрутори дуюм ба Тоҷикистон фиристонида мешавад. Баъди гузаштани санҷиши дуюм қарор оид ба қабул шудан ба рӯйхати доварони беҳтарини Конфедератсияи футболи Осиё қабул мешавад.

 

Июль 16, 2015 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд