Семинар барои журналистони ҷавон оид ба офати табиӣ
Хоруғ, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Дар Муассисаи давлатии маркази ҷавонон бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Марказ оид ба таъғирёбии иқлим ва паст кардани зарари офати табиӣ» дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ экосеминар барои журналистони ҷавон баргузор гардид.
Директори ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба таъғирёбии иқлим ва паст кардани зарари офатҳои табии» Светлана Ҷумъаева дар бораи вазъи экологии ҷаҳони муосир ҳарф зада, гуфт, ки бунёд ёфтани корхонаҳои бузурги саноатӣ, ба ҳаво сар додани киштиҳои хурду бузурги кайҳонӣ, дар натиҷаи гармии ҳаво ба вуҷуд омадани селобаҳо ва сӯхтор дар ҷангалзорон инсонро бо мушкилоти мухталифи иҷтимоӣ рӯ ба рӯ кардааст. Ба хотири коҳиши чунин офатҳои табиӣ ва пешгирӣ аз талафоти инсонӣ дар баробари дигар идораву муассисаҳо журналистон низ метавонанд саҳми арзишманди худро гузоранд. Аммо аввалтар аз ҳама онҳо бояд худашон дар бораи ин мавзӯъ огоҳии комил дошта бошанд. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо масъалаҳои экологӣ журналистон бояд донанд, ки ба куҷо муроҷиат кунанд, аз кӣ маслиҳат ё тавсия гиранд.
.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






