Шӯрои адлия ба фоидаи давлат беш аз 28 млн сомонӣ, 41 ҳазор доллар ва 20 ҳазор рубл рӯёнид
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар нимсолаи якуми соли равон судҳо ба фоидаи давлат ба маблағи умумии 28.839.108,48 сомонӣ, 41.200 доллари ИМА ва 20.000 рубли ФР маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ ва аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аризаҳои даъвогӣ ва навиштаҷоти иҷроии мақомоти гуногуни давлатиро рӯёниданд. Ин нуктаро имрӯз, 6 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Шӯрои адлия Муродзода Дӯстмурод Ҳайит ироа намуд.
Бо мақсади бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба вайроншавии қонун мусоидат менамоянд, ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор 7932 таъйиноти хусусӣ ирсол гардид, ки 895 адад нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014 зиёд мебошад.
«Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 393 ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани вайронкунии қонун 470 пешниҳод ирсол шудааст»,-илова кард Муродзода Дӯстмурод Ҳайит.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






