Шаҳрванди Чин дар дарёи Сир ғарқ шуд
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Линчанг, соли таваллудаш 1988, ки ҳамчун соҳибкор дар бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров фаъолият менамуд, 3 июл соати 19:00 ҳангоми моҳидорӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Сир, мавзеи Қўптулуқи ноҳияи Б.Ғафуров ғарқ мешавад.
Ҷасади номбурда аз тарафи Дастаи наҷотдиҳандагони Ситоди вилоятӣ 4 июл соати 14:07 аз дарёи Сир, мавзеи Қӯптулуқи ноҳия Б.Ғафуров дарёфт гардида, ба кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур супорида шуд.
Инчунин дар ин рӯз соати 19:05 шаҳрванд Туйқулов Ғайрат Олимҷонович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Қайроққум, шаҳраки Адрасмон, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир дар ҷои манъшудаи мавзеи беморхонаи бемориҳои дил ғарқ мешавад.
Дастаи наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд рўзи 4 июл соати 07:25 ҷасади шаҳрванди мазкурро аз мавзеи наздик ба кўчаи Р.Набиеви ноҳияи Б.Ғафуров дарёфт намуда, ба кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд супориданд.
4 июли соли равон соати 17:40 шаҳрванд Ғарибова Нуринисо Алиаҳмадовна, соли таваллудаш 1940, истиқоматкунандаи деҳаи Ванҷоб, ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев бо сабаби касалии рўҳӣ доштан худро ба дарёи Панҷ дар мавзеи деҳаи Ванҷоб партофта, ба ҳалокат мерасад
Ҳоло кофтукоби ҷасади шаҳрванди мазкур аз тарафи аҳолии ҷамоати М.Абдуллоев идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






