Шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро пуштибонӣ мекунанд
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»). «Дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз тарафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ 1599 муроҷиат ворид шудааст.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода барои журналистони ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд, ки дар он аз фаъолияти дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон ва қабулгоҳҳои ВҲИ дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 ҳисобот дода шуд. Зикр шуд, ки шаҳрвандон бештар бо масъалаҳои ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин бо шикоятҳо нисбат ба мақомоти судӣ — 70 ҳолат ва мақомоти корҳои дохилӣ — 20 ҳолат муроҷиат карданд.
Зариф Ализода ба савол дар хусуси он ки чаро аз болои мақомоти судӣ шикоят ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бештар ворид шудааст, ҷавоб дод, ки: «Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад манфиатҳои худро ҳимоя кунад ва мо дар навбати худ ҷонибдори он ҳастем, ки ҳуқуқи инсон дар мақомоти судӣ риоя гардад, бинобар ҳамин зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандонро нишонаи он медонем, ки шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро медонанду аз он пуштибонӣ мекунанд. Ин падидаи хуб аст», — хулосабарорӣ кард З.Ализода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






