Ситоди корӣ барои кумак ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар ХМ

Июль 22, 2015 04:48

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Сардори  Хадамоти муҳоҷирати (ХМ)  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо мақсади  ҳарчи зудтар расонидани кумак ва мусоидат ба  зарардигони  офати табиии минтақаҳои Бадахшон, Рашт ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ Ситоди корӣ ташкил намуда, ба ҳамаи кормандони хадамот ва мудирони шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт супоришҳои мушаххас дод.
Ӯ таъкид намуд, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба аҳолии осебдида кумаки ҳамаҷониба бояд расонанд. Ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин ҷудо гардида, барои сохтмони хонаҳояшон тибқи ваколатҳо кумак расонида мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шуда,  дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар  дар ноҳияи Рашт ҳалок гардиданд.
Ҳоло бо супориши Тоҳир Каримзода дар Хадамоти муҳоҷират Ситоди доимӣ ташкил шуда, кормандони хадамот дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ҳузур доранд.
Шаҳрвандон метавонанд ҷиҳати гирифтани маълумот аз тариқи  телефонҳои 935428163,  55551906 ва ё 935828444, ки шабонарӯзӣ фаъоланд, дар тамос шаванд.

 

Июль 22, 2015 04:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид