Соли хониши хонандагони синфи 1 аз 3 август оғоз мешавад
Душанбе, 31.07.2015 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Шӯрӯъ аз 3-юми августи соли равон соли хониши 2015-2016 барои хонандагони синфи якум ҷиҳати омодагӣ ба мактаб оғоз мегардад.
Тавре ки дар ин бора Абдуҷаббор Алиев,сардори Раёсати таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумӣ гуфт, сабаби қабл аз ағози соли хониш даъват шудани хонандагон шиносои бо барномаи таълимӣ ва муаллимону ҳамсинфони худ мебошад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони 6-7 сола «Барномаи омода намудани кӯдакони синни 6-7 сола ба таҳсил дар синфи 1» -ро тайёр намудааст. Ин барнома фарогири «Бахшҳои таълиму тарбия», «Ташкили ҳаёти кӯдакон», «Реҷаи намунавии рӯз», «Ташкили раванди таълим,» «Машғулиятҳо», «Инкишофи нутқ», «Омодагӣ ба саводомӯзӣ» ва «Шиносоӣ бо муҳити атроф» мебошад.
Омода намудани кӯдакон ба таҳсил қадами муҳим барои таъмини пай дар пайи таҳсилоти томактабию ибтидоӣ ва баландбардории сифати таълим мебошад. Имрӯз фоизи зиёди кӯдакон ҳатто дар дараҷаи надоштани дониши оддитарин ба синфи 1-ум қабул мегарданд, ки сабаби ба таҳсил омода набудан ва хуб нахондани онҳо мегардад.
Баъзе мавридҳо омодагии кӯдакон ба таҳсил аз ҷониби падару модар дар асоси китобҳо барои синфи якум ба амал омада, танҳо барои омӯзонидани ҳисоб ва хондан равона гардидаанд, ки ин ҳам кафолати таълими босамарро дар раванди таҳсил дода наметавонад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кӯдакони 6-7 соларо ба синфи 1-ум ва зарур шуморида, онро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳатмӣ гардонид,- афзуд Абдуҷаббор Алиев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






