Созишномаи кафолатӣ ва қарзӣ байни ҶТ ва БАТР

Июль 30, 2015 13:13

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-  Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи кафолатӣ ва қарзӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва  Рушд (БАТР) оид ба «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA — 1000» дар ҳаҷми 110 млн. доллари ИМА ба имзо расид.
Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Рустам  Раҳматзода ва директори намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва  Рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс ба имзо расониданд.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур  интиқоли барқи изофаи тобистонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин лоиҳа ба дарёфти механизмҳои савдои неруи барқ ва ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат хоҳад кард. Қисмати зиёди ин ташаббус ба рушди низоми фаромарзии пайвастани ин кишвар ҷиҳати интиқоли неруи барқи зиёдатӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар вобаста мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  314 млн. долл. ИМА;  Ҷумҳурии Қирғизистон  209 млн. долл. ИМА;  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 354 млн. долл. ИМА; Ҷумҳурии Исломии Покистон 209 млн.долл. ИМА мебошад.
Барои татбиқи қисмати  тоҷикистонии лоиҳа тибқи асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ ва модели молиявии Бонки ҷаҳонӣ 314 млн.долл. ИМА лозим мебошад.
Дар марҳилаи кунунӣ бо ҷониби Бонки ҷаҳонӣ созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 45 млн. доллари ИМА ва бо Бонки сармоягузории Аврупо Созишномаи қарзии имтиёзнок дар ҳаҷми 70 млн. евро ба имзо расонида шудааст ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 15 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ уҳдадориҳо ба маблағи 250 млн. доллари ИМА тасдиқ  шуда,  барои ҷалби маблағҳои зарурии боқимонда гуфтушунид идома дорад.  

 

Июль 30, 2015 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!