Созишномаи Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтани манораи назоратӣ дар фурудгоҳ
Душанбе, 13.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маросими имзои Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтани манораи назоратӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» доир гардид.
Ба созишнома вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа имзо гузоштанд.
Ҷонибҳо баъди имзои созишнома аз ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки созишномаи мазкур метавонад ҳамкорӣ ва равобити дипломатии ду кишварро боз ҳам мустаҳкам намояд.
Созишнома миёни Тоҷикистону Фаронса ҷиҳати ба истифода додани манораи назоратӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби Вазорати мудофиаи Фаронса маблағгузорӣ шуда, бехатарии парвозҳоро таъмин хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки аз ин пеш дар асоси ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса аз ҷониби Фаронса дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали замонавӣ ва парк барои ҳавопаймоҳо ба истифода дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






