Суғд: дар нимсолаи аввал содиршавии ҷиноят 20% афзудааст
Хуҷанд, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2014 дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 20,36% ё худ 582 адад зиёд содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар умум он ба 3441 адад баробар аст. Дар ин замина, дар ҳамин давра кушодашавии ҷиноятҳо 91,9% (2014 — 90,7%)-ро ташкил дод. Ин нуқтаи назар имрӯз зимни баргузории нишасти хабарӣ аз ҷониби прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи-3 Ҳабибулло Воҳидов баён гашт.
Ба гуфти прокурори Суғд, зиёд ба қайд гирифтани ҷиноятҳо асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ 269 адад (48), дуздӣ 533 (383), қаллобӣ 570 (332), сохтакорӣ 83 (57), расонидани зарари миёна ба саломати 62 (43) ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 172 (151) ба вуҷуд омадааст.
Ҳамзамон дар ин давра мақомоти прокуратураи Суғд 146 адад ҷинояти аз қайд пинҳонмондаро низ ошкор намуд, ки марбут ба онҳо аллакай 24 парвандаи ҷиноятӣ ба суд фиристода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






