Суғд дорои имкониятҳои зиёд дар самти содироти маҳсулот аст
Суғд, 27. 07.2015. (АМИТ «Ховар»).-24 июл дар Қасри варзиши маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононеро, ки барои иштирок дар ярмаркаи мазкур аз кишварҳои хориҷии Русия, Чин, Эрон, Лаҳистон, Беларус, Олмон, Афғонистон, Фаронса, Қазоқистон ба вилоят омада буданд, хайрамақдам гуфта, изҳор кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногун ва тавсеи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. Ӯ дар ин росто аз нақши боризи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ёдовар шуд. Чуноне ки иттилоъ дода шуд, дар минтақаи мазкур соҳибкорону тоҷирони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷии худ теъдоди зиёди корхонаҳои гуногунро бунёд намудаанд, ки маҳсулоташон дар бозорҳои дохилу хориҷ харидорони худро доранд.
Абдураҳмон Қодирӣ инчунин дар бораи вазъи саноати вилояти Суғд изҳор дошт, ки роҳбарияти вилоят ният дорад дар чанд соли оянда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро то ба 6,2 миллиард сомонӣ расонад. Раиси вилоят изҳори бовар намуд, ки Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» барои рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротии минтақа, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир мусоидат хоҳад намуд.
Дар ярмарка 110 ширкату корхонаи истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳсулоти саноатии худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ҳамзамон 150 хоҷагии деҳқонӣ тамоми намуди маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузошта, бори дигар собит намуданд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд дар самти содироти маҳсулот мебошад.
Дар ярмарка барои нахустин бор маҳсулоти дастии ҳунармандон, аз қабили қолинҳои дастибоф, сӯзаниҳои гуногун, атласу адрас, ки аз ашёи хоми табиӣ омода шудаанд, ба намоишу фурӯш гузошта шуданд.
Ярмарка соҳибкорони тоҷикро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳам овард. Соҳибкорону ҳунармандони вилояти Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бо маҳсулоти саноативу дастбофи худ дар ярмарка иштирок намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






